ТАҲЛИЛИ БАДЕӢ ВА УСЛУБИИ РОМАНИ «АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ»-И АҲМАД АБДУЛЛОЕВ
Keywords:
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Аҳмад Абдуллоев, Сомониён, Наршахӣ, Муниса, Айёр, Балъамӣ, хирадгароӣ, озодфикрӣ, маърифат, муҳити адабӣ, бедории фикрӣ, фарҳанги тоҷик, адабиёти муосир.Abstract
Мақолаи мазкур ба таҳлили романи таърихиву бадеии Аҳмад Абдуллоев - «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» бахшида шудааст. Дар мақола муҳтавои асосӣ, ғояи марказӣ ва арзиши таърихиву фалсафии роман баррасӣ мегардад. Нависанда бо такя ба манобеи таҳқиқӣ, хусусан «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давраи Сомониёнро бо дақиқӣ эҳё мекунад. Тасвири симои Рӯдакӣ ҳамчун рамзи хирад, озодфикрӣ, инсондӯстӣ ва ҳомии маърифат аз мавзуъҳои меҳварии таҳлил аст . Мақола хулоса медиҳад, ки роман на танҳо як бозофарии бадеии шахсияти Рӯдакӣ, балки асаре дорои аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки хонандаро ба муҳити тамаддуни Сомониён наздик месозад.
References
1. Абдуллоев А. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. – Тошканд: Ӯзбекистон миллий энциклопедияси, 2013.
2. Наршахӣ А. Таърихи Бухоро. – Душанбе: Дониш, 1991.
3. Назарзода А. Адабиёти тоҷик дар асрҳои IX–X. – Душанбе: Ирфон, 2016.
4. Худоӣ Шарифзода, Мисбоҳиддини Нарзиқул. Таърихи адабиѐти тоҷик (аз аҳди қадим то оғози асри XIII). Китоби дарсӣ барои донишҷӯѐни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. - Душанбе: ЧДММ – ТоРус‖, 2017.
5. Забеҳулло Сафо. Таърихи адабиѐт дар Эрон ва дар қаламрави забони порсӣ. Ҷилди 2.- Душанбе: Нашриѐти Деваштич, 2003. – 324с.(
6. Zabihullah Safo. – History of Literature in Iran and the Persian-speaking World‖. Vol. 2. – Dushanbe: Devastich Publishing House, 2003. – 324 pages).

